баргард чоп кардан

Тоҷикистон дар майдони худ ба дарвозаи ҷопониҳо чанд гол мезананд?

Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба футбол имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вориди рақобат мешавнад.


Ин дидор соати 14:00 оғоз мешавад.

Ин чорумин дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 мебошад. Дар се бозии гузашта тими миллии кишвари мо ба нокомӣ дучор шуд ва дар гурӯҳи «С» бидуни имтиёз дар зинаи охирин аст. Мунтахаби Ҷопон ва тими Ӯзбакистон 7 холӣ доранд. Дастаи миллии Кореи Шимолӣ бо се холл мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад.

Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон 15-уми ноябр дар меҳмонӣ сурат мегирад. Футболбозони тоҷик ба Ӯзбакистон мераванд. Зимнан, соати 18:00 имрӯз, 11 ноябр дар Тошканд бозии дигари гурӯҳи «С» байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.