баргард чоп кардан

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи низоми сарҳади давлатӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод 26 апрел дар минтақаи Қарул-Дони ноҳияи Лайлак (вилояти Бодкент) дастгир шудаанд. Хадамоти марзбонӣ гуфтааст, ин афрод дар Қирғизистон бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба мардикорӣ машғул будаанд: “Бар пояи моддаи 389-и Кодекси маъмурӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҷарима шуданд”.