баргард чоп кардан

Челябинск 19 шаҳрванди Тоҷикистонро депорт мекунад

Имрӯз, 28 апрел қарор аст наздики 20 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шаванд.

Раёсати хадамоти федеролии судиҷрочиёни вилояти Челябинск гуфтааст, миёни 19 шаҳрванди Тоҷикистон, ки депорт мешаванд, 7 нафарашон кӯдаконанд.

Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия беш аз як миллионро ташкил медиҳад. Ҳамасола садҳо нафари онҳо ихроҷ шуда, панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба хоки он кишвар маҳрум мешаванд.