баргард чоп кардан

ВКД-и Тоҷикистон: Аҳмадов мегӯяд, бегуноҳ аст ва худаш ба Русия баргашт (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Маҳмадалӣ Аҳмадов, ҷавони 23-солаи тоҷикро, ки дар қатли сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш яке аз муттаҳамони асосӣ дониста мешавад, шарҳ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳафтаи равон Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, “бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оиди дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Федератсияи Русия баргашт”.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Русия 4 апрел аз қавли Сергей Солодовников, сардори пулиси вилояти Самара хабар доданд, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов талош кардааст, ба Афғонистон фирор кунад, аммо боздошт гардидааст: “Аллакай соати 10:00-и имрӯз, 4 май муттаҳам ба фурудгоҳи Домодедоваи Маскав оварда шуд ва дар назар аст, ки то соати 15:00 ба Самара расад”.

Қаблан, мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш муттаҳам карда, изҳор доштанд, ки ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Видеои бозтоби бозгашти Аҳмадов ба Маскав дар расонаҳои Русия:



Куштори Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯ, аз ҷумла 4 зан шаби 24-уми апрел дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран рух дод. Ахиран шабакаи телевизионии Россия-1 бо такя ба манобеаш дар мақомоти қудратии Самара хабар дод, дар қатли полковник Гошт ва хонаводааш бевосита муҳоҷири тоҷик даст надорад. Ба иттилои манбаъ, дар ин куштор зодаҳои Озарбойҷон -- Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Захрабов муттаҳам мешаванд. Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, бар иловаи ин се нафар дар куштори ваҳшиёнаи полковник бародарон Нуштаевҳо, ки ду сол қабл шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, гумонбаранд.