баргард чоп кардан

Футбол: Ҷопониҳо дарвозаи Тоҷикистонро боз рахна карданд

Дар  варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба футбол идома дорад.


Бозингари ҷопонӣ Шания Коно дар дақиқаи 36-уми даври якуми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорумин дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 мебошад. Дар се бозии гузашта тими миллии кишвари мо ба нокомӣ дучор шуд ва дар гурӯҳи «С» бидуни имтиёз дар зинаи охирин аст. Мунтахаби Ҷопон ва тими Ӯзбакистон 7 холӣ доранд. Дастаи миллии Кореи Шимолӣ бо се холл  мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад.

Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон 15-уми ноябр дар меҳмонӣ сурат мегирад. Футболбозони тоҷик ба Ӯзбакистон мераванд. Зимнан, соати 18:00 имрӯз, 11 ноябр дар Тошканд бозии дигари гурӯҳи «С» байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.