баргард чоп кардан

Скинхедҳое, ки ба тоҷикон ҳамла кардаанд, дар “авбошӣ” муттаҳам мешаванд

Пулиси Маскав аз боздошти чор скинхеди рус хабар додааст, ки дар ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, се тан аз ин афрод ноболиғанд.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо ба мусофирони метро, ки аз стансияи “Улица Скобелевская” то стансияи “Битцевский парк” ҳаракат мекард, бар пояи нажодпарастӣ ҳамла мекардаанд: “Ин афрод ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамла намуда, онҳоро зери мушту лагад гирифтаанд. Ба чашми яке аз онҳо аз “балончаи газӣ” газ пошидаанд. Маҷруҳон ба беморхона интиқол ёфтаанд”.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки аз дасти ин тоссарҳо чанд шаҳрванди Тоҷикистон зарар дидааст.

Ба иттилои пулис, боздоштшудаҳо аз 15 то 21 сол дошта, бо попӯшҳои вазнини сарбозӣ мегаштаанд ва дар телефонҳои ҳамроҳашон аксҳое дарёфт шудааст, ки дар он дастҳояшонро мисли фашистон мебардоранду силоҳҳоро ба намоиш мегузоранд: “Нисбати онҳо тибқи моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин модда то 8 соли маҳрумият аз озодиро дар бар мегирад”.