Раиси Суғд: Озмуне барои симои ориёию суханронии бурро набуд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд мегӯяд, барои баромад дар назди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳеч озмуне барои муайян кардани симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро нагузарондаанд.
Қодирӣ имрӯз, 5 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зимни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ баромади иштирокдорони мулоқот пешбинӣ нашуда буд. Раиси Суғд афзуд, дар нусхаи мактубе, ки мақомоти Мастчоҳ ба ӯ пешниҳод кардаанд, дар бораи озмун ва симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро зикр нашудааст: “Шояд ғарази байнишахсии онҳо бошад”. Қодирӣ тавсия дод, ки барои исботи ҳақиқат ба суд муроҷиат кунанд.
Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, қазияи марбут ба Шаҳнози Ниёзбоқӣ кори дасти афродест, ки ӯро дар ин мансаб дидан намехоҳанд.
Шаҳноз 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур--Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли равонро надодаанд. Ӯ гуфт, нахуст исмаш дар феҳрасти баромадкунандаҳо буд, аммо баъдан онро ҳазф кардаанд. Ба гуфтаи ин ҷавондухтар дар мактуби расмие, ки бо имзои муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дарёфт кард, гуфта шудааст, ки барои суханронӣ дар назди Президент озмун баргузор шуд ва шартҳои он доштани симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро буд. Аммо Умарзода Зайнура Васлӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дар як нома унвонии “Озодагон” иддао кард, ки мазмуни номаи ӯ ба Шаҳноз тағйир дода шуда, имзояш ҳам тақаллубист.