Кумитаи амният: Тоҷикон дар қасди террор дар Маскав даст надоранд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошти тоҷикон барои қасди террор дар Маскавро рад кард.
Дар ҳоле, ки “ФСБ”-Хадамоти федералии амнияти Русия 4 май аз боздошти 12 зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми терроризм хабар додаст, Мансурҷон Умаров, ноиби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, миёни боздоштшудаҳо тоҷикистониён нестанд: “Мо иттилооти нашркардаи расонаҳои Русияро таҳқиқ карда, муайян кардем, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Онҳо шаҳрвандони дигар кишварҳоянд”-гуфтааст Умаров ба хабаргузории ТАСС.
Расонаҳои Русия тайи ду рӯзи охир бо такя ба мақомоти амнияти ин кишвар аз боздошти 12 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон хабар додаанд, ки гӯиё бо дастури “ДИИШ” қасди амалӣ кардани террор дар Иди Ғалабаро доштаанд. Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон силоҳ ва дигар лавозимот мусодира шудааст.