Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 85043 нафар шаҳрвандон доир ба масъалаҳои шуғл муроҷиат намудаанд, ки аз ин ба 35361 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст.
Дар ин бора Ниёзбек Қурбонов, сардори раёсати шуғли аҳолии назди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 26.619 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки 92,1 фоизи нақшаи барномаро ташкил медодааст. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2.347 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2.298 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Ба 3.808 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати аз 3 то 6 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардидааст. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 114. 728 ҷойҳои кории нав таъсис ёфтаанд.
-Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуѓли аҳолӣ дар ин давра 517 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 4819 нафар корҷўён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти агентии омор шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рўи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2011-ум 2 152,4 ҳазор нафарро ташкил медо, ки аз ин теъдод 2 098,1 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 19,7 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.