Кишварҳои ИДМ-ро кӣ раҳбарӣ мекунад ва аз кай? (ИНФОГРАФИКА)
Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шиораш “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед” буд, кишварҳои аъзои он яке пайи дигар худро мустақил эълон карданд. 8 декабри соли 1991 баъзе аз ин кишварҳо зери созмони дигаре ҷамъ шуданд, ки номи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)-ро гирифт. Бархе кишварҳои узви созмонро давоми 25 соли мавҷудияти он як нафар роҳбарӣ мекунад. Дар ИНФОГРАФИКАИ зер шумо хоҳед дид, ки дар курсии №1-и давлатҳои ИДМ киҳо такя задаанд ва аз кай?