баргард чоп кардан

Футбол: Бохти навбатии тими миллиифутболи Тоҷикистон бо ҳисоби 0:4

Тими миллии футболи Тоҷикистонро бори дигар дастаи мунтахаби Ҷопон шикаст дод.


Ин бозӣ, ки дар майдони варзишгоҳи марказии Душанбе имрӯз сурат пазируфт, бо ҳисоби 0:4 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.Дар дақиқаи 36-уми қисми аввали бозӣ, дастаи Ҷопон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон як гол ворид кард. Дар оғози қисми дуввум ҷопониҳо боз як тӯби дигар ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон заданд. Дар дақиқаи 82-юм ҷопониҳо боз як бори дигар тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуданд. Дар дақиқаи 91-ум боз ҷопониҳо дарвозаи мунтахаби Тоҷикистонро рахна намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳисоби умумии голҳои Чопон ба дарвозаи Тоҷикистон дар ду бозӣ ба 12-то расид. Тавре медонем, дар бозии аввал, ки дар Ҷопон баргузор шуда буд, дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб шуда буд.Бояд тазаккур дод, ки ин дуввумин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад. Дар айни ҳол Ҷопон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 17-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 130-вум  қарор доранд.Ҷопон дар солҳои 1992-ум, 2000-ум, 2004-ум ва 2011-ум барандаи Ҷоми Осиё шудааст.