ВКД: Аз амалиёти “Красная свадьба”-и ДИИШ дар Душанбе ҷилавгирӣ шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи амалиёти муштараки ин ниҳод ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия чанд аъзои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ боздошт шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дастгиршудаҳо қасд доштаанд, 9 май -- рӯзи ҷашни ғалаба дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе амалҳои терррористӣ анҷом бидиҳанд: “2 майи соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар шаҳри Москва, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ ва мақомоти қудратии Федератсияи Россия аъзоёни ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” - Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад, дастгир гардида, аз онҳо ду автомат ва ду тирдон бо тирҳояш мусодира карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, Айбек Саитов ҳангоми амалиёт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, маҷруҳ шудааст ва ҳоло дар беморхона қарор дорад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, 6 майи соли равон аъзои дигари "Давлати исломӣ" -- Менгликулов Достон Ҳасанович, сокини 22-солаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек, ҳангоми аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон омадан, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Дар хабари расмии вазорат омадааст, ки Достон "барои содир намудани акти террористӣ" ба Душанбе омадааст: “Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд”.
Манбаи хабар мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии манзили дастгиршудаҳо дар ноҳияи Қубодиён як “Ноут-Бук”, 6 флешкорт, 30 дона диск, 10 китоби экстремистӣ, 1 харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 компас, инчунин ду мухобира ва ду таппончаи дарсомузӣ дарёфт ва мусодира гардид: “Дастгиршудагон аз ҷониби мубаллиғони ташкилоти террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки айни ҳол дар давлати Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи "Красная свадьба" номгузорӣ ва тарҳрезӣ намудаанд. Айни ҳол нисбати номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад”.