баргард чоп кардан

Боздошти як ришваситон дар шаҳри Ваҳдат

Зимни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Ваҳдат муовини сарвари ҶДММ «Интер-Аудит-Правда» бо ҷурми гирифтани пора боздошт гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, муайян карда шуд, ки Нурулло Насриддинови 46- сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамадонӣ-24 «б»,  аз як шаҳрванд бо таҳдиди гузаронидани санҷиши молиявӣ дар шӯъбаи рентгенологии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат  ва ошкор сохтани камбудиҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ аз мудири шӯъбаи номбурда, Нуралӣ Пирназарови 38- сола, сокини ҷамоати Шӯҳратёр, 1700 доллари ИМА талаб намудааст. Номбурда зимни гирифтани маблағ дастгир карда шуд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.