Заминларзаи шоми дирӯз талафоти ҷонӣ надоштааст
Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, нерӯи ҷунбиши замин дар соати 19:32-и 12 май дар маркази он ба 3 балл мерасид.
Ин ниҳод маркази заминҷунбиро 20 километрии ҷанубу- шарқи шаҳри Душанбе гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар пойтахт 2 баллро ташкил дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин заминҷунбӣ хисорот ва талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.