баргард чоп кардан

Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон то охири умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздикӣ аз зиндоне дар Кузбасс раҳо шудааст, ба ватан истирдод ва як умр аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум гардидааст.

Раёсати умури дохилии Русия дар вилояти Кемерово мегӯяд, ин табааи 25-солаи Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноят алайҳи кӯдак дар вилояти Маскав зиндонӣ шудааст. Додгоҳи Балашихин ӯро се сол аз озодӣ маҳрум ва ба вилояти Кемерово мунтақил карда буд: “Моҳи феврали соли равон Вазорати адлия қарор кард, ки намехоҳад ин шаҳрванди хориҷӣ дар русия қарор дошта бошад, чун барои ҷомеа хавфнок аст”.

Манбаъ меафзояд, бар пояи ин қарор баъди раҳойӣ ба ӯ шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон супурда шуд: “Ӯро ба фурудгоҳи “Толмачево” бурданд ва ба ватан фиристоданд. Вай дигар ҳеч гоҳ наметавонад ба Русия биёяд. Ин нахустин ҳолате дар Кузбасс аст, ки як шаҳрванди хориҷӣ умрбод аз ҳаққи вуруд маҳрум мешавад”.