баргард чоп кардан

КМО-и Тоҷикистон алайҳи нашъамандӣ барномаеро рӯи даст гирифт

Академияи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаи миллии олимпии кишвар барномаеро бо номи «Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мубориза бар зидди нашъамандӣ» амалӣ менамояд.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, мақсад аз баргузории ин барнома саҳмгузорӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни наврасон ва ҷавонон аз ҷумла, мубориза бар зидди нашъамандӣ ба воситаи пешниҳод намудани фаъолияти алтернативӣ, бо баргузории чорабиниҳои варзишӣ иборат аст. Гуфта мешавад, ки давомнокии барнома 6 моҳ буда намояндагони тамоми гӯшаву канори мамлакатро дар бар мегирад. Ба ин хотир, имрӯз дар кумитаи миллии олимпӣ ҷамомад доир гардид. Манбаъ афзуд, ки роҳбари барнома Ибод Шарифӣ бори дигар вазифаҳои асосии барномаро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дод.