Таҳқиқи худовезии Озодаи 12-сола дар Панҷакент
Манобеи “Озодагон” аз худкушии як духтари 12-сола, хонандаи синфи 6 дар деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ Озода Ашӯроваи 12-сола шоми 16-уми май даст ба худовезӣ задааст.
Манбаъ афзуд, ки додситонии шаҳри Панҷакент феълан ба таҳқиқи ҷузъиёти ин қазия машғул мебошад.