баргард чоп кардан

Дипломатҳои ҷопонӣ дар Душанбе озмун эълон карданд

Сафорати Ҷопон дар ҶТ озмун дар бораи нишони (логотипи) беҳтарин бахшида ба 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопонро эълом дошт.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа дар конкурс ҳамаи шахсони ҳавасманд ширкат карда метавонанд. Логотипи беҳтарин, ки аз ҷониби доварон пазируфта мешавад, баъдан дар кулли чорабиниҳои муштараки миёни Ҷопон ва Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Хоҳишмандон метавонанд,  ба суроғаи электронии nargiz@embjpn.tojikiston.com бо ишораи мавзӯи “Application for Logo mark (Tajikistan)” маълумоти зеринро фиристанд:

1. Нишони пешниҳодшаванда дар шакли файли графикӣ (JPEG, GIF, Illustrator, Photoshop, etc.);
2. Ному насаб, синну сол, ҷойи кор, вазифа, рақами телефон, суроғаи ҷойи истиқомат ва нишонии e-mail;
3. Тасвири хаттии тарҳи (дизайни) нишон (дар ҳудуди 60 калима).
Манбаъ афзуд, нишон бояд расми таҷассумкунандаи муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни Ҷопон ва Тоҷикистон бошад. Ҳамчунин, расм бояд эҷодиёти аслии иштирокчии озмун бошад, ки пеш аз ин на дар дохили кишвар, на дар хориҷа интишор ё истифода нашудааст.Мӯҳлати охирини қабули нишонҳо 23 ноябри соли 2011 аст. Ғолиби озмун тақрибан дар нимаи моҳи декабри соли равон эълон карда мешавад.