Дучархасавор ба дарё сарозер шудааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, Аваз Акобиров, сокини 22-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳангоми дучархасаворӣ ба дарё сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин сокини деҳаи Ленинград тақрибан соати 15:15-и рӯзи 13 май, ҳангоми гузаштан аз пули мошингард бо дучарха ба дарёи Ҷайҳун афтидааст: “Ҷасади Аваз Акобиров 18 май соати 06:30 дақиқа 6-километр поёнтар аз ҷои ҳодиса аз тарафи аҳолии деҳаи М.Горкий дарёфт гардида, ба наздиконаш супорида шуд”.