баргард чоп кардан

Душанбе: Рогозин аз истифодаи якҷояи “ГЛОНАСС” ва таъсиси корхонаи ҳарбӣ хабар дод

Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия дар умури саноати ҳарбӣ мегӯяд, дар Душанбе истифодаи имкониятҳои низоми “ГЛОНАСС” аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ мешавад.

Рогозин, ки имрӯз, 20-уми май барои иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе қарор дорад, дар сафҳааш дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер навиштаст, “Комиссияи байнидавлатии СПАД дар бораи ташкили корхонаи муштарак оид ба таъмири техникаи ҷангию силоҳ қарор қабул хоҳад кард”.

Ба гуфтаи Рогозин Комиссия байнидавлатии СПАД инчунин дар бораи истифодаи имкониятҳои “ГЛОНАСС”-низоми моҳвораии Русия тасмим мегирад. Низоми “ГЛОНАСС” ҳанӯз замони шӯравӣ бо дархости Вазорати мудофиаи “СССР” ташкил шуда, феълан ҳудуди 24 моҳвораро дар бар мегирад.

Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии СПАД имрӯз, 20-уми май дар Душанбе бо иштироки Николай Бордюжа, дабири кулли ин созмон ҷараён дорад. Ҳайати Русияро дар ҷаласаи мазкур Дмитрий Рогозин роҳбарӣ дорад, ки дар кишвараш “миллатгарои дарборӣ” тахаллус гирифтааст.

Дар арафаи сафари Рогозин ба Душанбе Нуралӣ Давлат, журналист ва шореҳи сиёсии тоҷик пешниҳод кард, то Рогозин ба далели туҳмату таҳқирҳояш дар ҳаққи тоҷикон “персона нон-грат” эълон карда шавад. Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, Рогозин дар як китобаш беасос тоҷиконро дар қатл ва таҷовузи оммавии русҳо дар аввали солҳои 90-ум гунаҳкор кардааст: “Гӯиё моҳи феврали соли 1990 тоҷикон ҳудуди 1,5 ҳазор занону духтарони русро дар майдони назди Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе бо таҳдиди силоҳ таҳқиру таҷовуз кардаанд. Рогозин мегӯяд, солҳои 90-ум дар Тоҷикистон генотсиди русҳо буд, ки ягон асос надорад”.

Рогозин, ки вақтҳои охир мавриди интиқодҳои оммавии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ қарор гирифтааст, қаблан тоҷиконро интиқолдиҳандаи силоҳу нашъа ба Русия хонда буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо таҳқирҳояш нисбати тоҷикон маъруф буда, борҳо дар расонаҳои русӣ аз хушунати тоҷикон алайҳи русҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳорот додааст. Аз пешниҳодҳои ахири Рогозин алайҳи Тоҷикистон ин манъи рафтуомади қаторҳои Тоҷикистон ба Русия мебошад, чун ба ақидаи ӯ ин қаторҳо ҳомили нашъа ва вирусҳо мебошанд.