баргард чоп кардан

Томас Ачакосои филиппинӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кӯмак карданист

Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ Матин Холматов ва Таҳмина Ҷумъаева мулоқоти корӣ баргузор шуд.


Зимни нишаст масоили ҳамойиши қарибулвуқӯъ дар мавзӯъи сарварии ашхоси баландпоя дар ҳукумат ҷиҳати муҳоҷират ва рушд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории семинар расонидани кӯмак ба шахсони масъули тарҳрезии сиёсати муҳоҷирати ҶТ дар амри идора ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Интизор меравад, дар кори он мушовири Бонки Ҷаҳонӣ, собиқ вазири муҳоҷирати меҳнатӣ дар Филиппин Томас Ачакосо иштирок намояд. Гуфтанист, ҷаноби Томас Ачакосо муаллифи китоби «Дурнамои дарозмуддат ҷиҳати густариши равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Қирғизистон» мебошад.