Додхоҳии Адолат Боева: Барои гирифтани ҷуброни зарар 1 солу 7 моҳи дигар интизор шавем?
Адолат Боева, як сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор мегӯяд, бештар аз як сол аст, ки барои пирӯзии адолат ба дари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот меравад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.
Ба гуфтаи хонум Боева, 13 апрели соли 2015 як ҷавони ноболиғ бо номи Фаррух Олимов сабукрави “Опел Астра”-и писараш – Илёс Боевро ғайриқонунӣ идора намуда, баъдан ба садама дучор мешавад ва мошинро корношоям мекунад. Ӯ афзуд, кормандони БДА писари ӯро ҳам дар ин кор муҷрим шинохта алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз кардаанд: “Писари ман ягон гуноҳ надошт. Баръакс ҷабрдида ба ҳисоб мерафт, аммо чун мо ягон пушту паноҳ надоштем, ҷаримааш карданд”.
Корманди Бозрасии давлатии автомобилие, ки “протоколи маъмурӣ” тартиб додааст, имрӯз 23 май ба “Озодагон” гуфт, протоколро аз рӯи нишондоди шоҳидон тартиб дод. Аммо Адолат Боева мегӯяд ҳамаи шоҳидон дар додгоҳ нишондодҳои худро рад карданд. Ин хонум гуфт, аз рафтори ба гуфтааш ғайриқонунии корманди БДА ба додситонӣ ва баъдан ба Суди ноҳияи Ҳисор шикоят бурд: “Баъди шикоятҳои мо парвандаи маъмурӣ нисбат ба фарзанди ман бекор ва нисбат ба Фаррух Олимов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Шӯъбаи корҳои дохилӣ ин қазияро 8 моҳ ба дарозо кашид ва ахиран 22 январи соли 2016 Фаррух Олимов бо қарори суд уҳдадор гашт, зарари расонидааш дар ҳаҷми 4398 сомониро пардохт намояд”.
Аммо, мегӯяд, ӯ бо гузашти панҷ моҳ аз қарори суд маблағе нагирифтааст, зеро гунаҳгорро дар мавсими даъвати тирамоҳии соли гузашта ба аскарӣ бурданд: “Намедонам ӯро чигуна ба аскарӣ бурданд, дар ҳоле ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд ва ҳам ӯ яккаписар аст”.
Адолат Боева дар идома гуфт, замоне ки Фаррух Олимов ин ҷиноятро содир кард, ноболиғ буд ва агар ШВКД-и ноҳияи Ҳисор парвандаро тӯл намедод ва сараи вақт баррасӣ мегардид, масъулияти пардохти зарар бар души падару модараш меафтид: “Имрӯз ӯ дар хизмат аст ва то наояд мо ин малағро гирифта наметавонем. То баргаштани ӯ 1 солу 7 моҳи дигар мондааст”.
Хонум Боева афзуд, шояд 4 398 сомонӣ барои баъзеҳо маблағи зиёд набошад, вале барои мардуми камбизоат пули зиёд ба шумор меравад: “Панҷ писар дорам, ки қаблан дар Русия кор мекарданд. Онҳоро “депортатсия” кардаанд, дар Ватан ҷойи кори доимӣ надоранд, зиндагӣ вазнин аст”.
Ӯ мегӯяд, баъди он қазия мошини писараш, ки бо он мусофиркашӣ кардаву каме пул меёфт, дар ҷаримагоҳи БДА қарор дорад.