баргард чоп кардан

Суд 2 “эмиссар”-и тоҷики “ДИИШ”-ро ҳабс кард

Додгоҳи Санкт Петербург қарор кардааст, Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд.

Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода, афзудааст, ки ҳабсшудаҳо дар таблиғи созмони террористии “Давлати Исломӣ” ва ҷалби шаҳрвандон ба ин созмон муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои расонаҳои Русия Орзу Ризоев, ки ҳамсари рус доштааст, инчунин соҳиби шаҳрвандии Русия низ ҳаст. Фирӯз Шукуров бошад қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, аммо дубора вориди ин кишвар гаштааст.

Кумитаи тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург 20-уми май зимни нашри иттилоъ дар бораи боздошти ин ду нафар хабар дода буд, ки аз манизили зисти онҳо адабиёти динӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дарёфт гардидааст. Ба иттилои манбаъ, нисбати боздоштшудаҳо дар асоси моддаи 205 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия барои фаъолияти террористӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.