Омбудсмени тоҷик мехоҳад барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ҷазо тадбиқ шавад
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои бидуни огоҳӣ масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ муҷозот таъин карда шавад.
Ин пешниҳоди оқои Ализода имрӯз 24 май дар шаҳри Душанбе садо додааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, омбудсмени тоҷик аснои натиҷагирӣ аз вазъи як соли ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ гуфтааст, "ҳаққи истифодабарандагони Интернет ҳамчун истеъмолкунанда таъмин шуда,шаҳрвандон пеш аз гузарондани корҳои профилактикӣ огоҳ карда шаванд".
Ӯ таъкид кардааст, ки соли гузашта торнамоҳои хабарии news.tj, tojnews.org, ozodi.org, ozodagon.com, faraj.tj, youtube.com, Вконтакте, facebook.com ва Одноклассники баста шудаанд. Зариф Ализода барои нақз нашудани дастрасии сокинон ба иттилоъ ва, ҳамин тавр, ҳуқуқи моликони торнамоҳо тавсия додааст, “дар сурати бе санади расмӣ бастани сомонаҳо нисбат ба ширкатҳои таъминкунандаи Интернет чораҳои қонунӣ андешанд”.
Пешниҳоди Ализода дар ҳолест, ки сомонаи хабаргузории “Озодагон” аз моҳи октябри соли 2015 ба ин сӯ дастнорас мебошад ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистону ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет – “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тселл” ба мактубҳои расмии “Озодагон” дар мавриди сабабҳои масдуд будани сомона посухе надодаанд.