Масрури 20-соларо аз ғарқшавӣ дар рудхонаи Сир наҷот додаанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон як cокини 20-cолаи ноҳияи Айниро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, Масрур Давлатов, сокини рустои Хушекат рӯзи 24 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ба ҳолати ғарқшавӣ дучор мегардад: “Динис Волнишков, ғаввоси Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо истифода аз лавозимоти соҳавӣ зери об даромада, бо кушишу заҳматҳои зиёд ӯро наҷот медиҳад”.