баргард чоп кардан

Салими Аюбзод: “Панҷ маротиба”-ро беҳтар аст “панҷ бор” ё “панҷ раҳ” бигӯем

Салими АЮБЗОД

ПАНҶ МАРОТИБА – ПАНҶ МАРТАБА
Вале беҳтараш – панҷ бор, панҷ раҳ, панҷ дафъа...

Менависанд, ки “ду маротиба” ба Кобул сафар кард ё “се маротиба” ба вазорат шикоят бурд ва монанди инҳо. Асли вожа “маротиб” (аз рутба) ва он худ аллакай ҷамъ аст ва агар панҷ бор дар назар бошад, беҳтар аст танҳои он “мартаба” ё “мартабат” корбаст шавад. Ба маънии “бор”, “дафъа”, “кара”, “карат”, “раҳ”.
Дар ишқи ту бо умеди суде
Сад БОР маро зиён расидааст.
(Анварӣ)

***

Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ РАҲ сад ҳазор” (Авфӣ)

Камтар, аммо гоҳе дида мешавад, ки “панҷоҳ сарбозон”, “дувоздаҳ навозандагон”, “чаҳор донишҷӯён” менависанд. Яъне, боз ҳам ҳолати “ҷамъ кардани ҷамъ”. Дурусташ -- “панҷоҳ сарбоз”, “дувоздаҳ навозанда”, “чаҳор донишҷӯ”.
“Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор” (Фирдавсӣ)