баргард чоп кардан

Амрико боз ҳам аз президенти Яман даъват кард, ки ба истеъфо равад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори дигар аз президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ хост, ки аз сари қудрат канор биравад.


Ҳамчунин, Амрико аз ҳамлаҳои пайдарпайи неруҳои давлат алайҳи шаҳрвандони ғайринизомӣ дар минтақаи Таизи Яман изҳори ташвишу нигаронӣ карда, хостори кушодани парвандаи тафтиши нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ин кишвари арабӣ шудааст. Виктория Нуланд, сухангўйи Департаменти давлатии ИМА субҳи имрўз, 14-уми ноябр гуфт: «Гузоришҳои расида дар бораи ҳуҷумҳо зидди шаҳрвандони ғайринизомӣ дар шаҳри Таиз моро сахт нигарон кардааст ва мо ҳама гурўҳҳои фаъоли яманиро ба хештандорӣ фаро мехонем».

Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ Хонум Ноланд, ки дар як нишасти матбуотӣ сухан мегуфт, афзуд: «Агар президент хоҳони ояндаи неки Яман ва осудагии мардуми он ҳаст, бояд бидуни таъхир ба ваъдааш вафо кунад ва бо фароҳам овардани фазои муносиб барои интихобот аз раёсати ҷумҳурӣ канор биравад».

Маврид ба ёдоварист, як ҳафта пеш Алӣ Абдуллоҳ Солеҳи 69-сола, ки 33 сол боз дар Яман дар сари қудрат аст, мухолифони хешро мавриди интиқод қарор дода гуфт, нияти истеъфо ва супурдани ҳукумат ба ноибашро дорад. Гуфта мешавад, ки дар давоми 9 моҳи эътирозҳои мардумӣ бо фарохонди сарнагунии режими президент Солеҳ дар Яман, наздик ба ҳафтод нафар кушта шуда, садҳо тани дигар захм бардоштаанд.