Президент гуфт, тағйири Сарқонунро барои ҷавонон дастгирӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ниҳоди навтаъсиси назди Президент ба мавзӯи раъйпурсӣ барои тағйири Сарқонун дахл карда, изҳор дошт, ки онро ба хотири ҷавонон дастгирӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯро дар ҷаласа аз муваффақияти ҷавонон дар соҳаҳои гуногун зикр карда, афзудааст: “Мо чунин фаъолияти муваффақонаи ҷавононро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кардем ва бояд гуфт, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ҷавонон аз ҳама бештар ба ҷонибдории ин ҳуҷҷати тақдирсоз раъй доданд”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон “тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох мекушоянд ва ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам меоранд”.
Раиси Шӯро аз иштироки ҷавонон дар раванди давлатсозӣ тавсиф карда, афзудааст, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст, ки тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд: “Моро зарур аст, ки аз миёни ҷавонон шахсони боистеъдоду болаёқат, донишманду ташаббускор, забондон ва аз нигоҳи сиёсӣ устуворро пайдо карда, онҳоро тарбия намоем ва ба вазифаҳои масъул пешбарӣ кунем. Бо ин мақсад зарурати дар солҳои минбаъда такмил бахшидани фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон пеш омадааст ва тақозо мегардад, ки ба тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавони фаъолу ташаббускор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, то ки онҳо тавассути курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисос ба корҳои роҳбарикунанда омода карда шаванд”.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) иттилоъ дод, ки дар раъйпурсии 22 май барои тағйири Сарқонун 92 дарсади овоздиҳандаҳо иштирок карда, аз ин миён 94,7 дарсади раъйдиҳандаҳо ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон овоз додаанд. Муҳимтарин нукта дар тарҳи нави Қонуни асосӣ аз 35 ба 30 поин бурдани синни номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ, ба Эмомалӣ Раҳмон додани ҳаққи бемаҳдуд барои пешниҳоди номзадиаш ба президентӣ, манъи аҳзоби хусусияти динию миллидошта ва манъи сармоягузории хориҷии аҳзоби сиёсии кишвар маҳсуб меёбанд.