баргард чоп кардан

Фардо дар Тошканд тимҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбакистон вориди сабқат мешаванд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонро дар гурӯҳи “С”  бо тими миллии Узбакистон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд анҷом медиҳад.


Қарор аст, ин бозӣ 15-уми ноябр, расо соати 18:00 оғоз ёбад. Тибқи иттилои ФФТ, ҳайати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков бо 23 футболбоз нимаи авали имрӯз (14-уми ноябр) тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд сафар карданд. Дидори якуми ин тимҳо дар марҳалаи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 рӯзи 2 сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат пазируфта буд, ки футболбозони мо дар хонаи худ аз дастаи ҳариф бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 4 бозии қаблияш ба шикаст мувоҷеҳ шуда, дар ин гурӯҳ  бе ягон имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳамчунин, дар бозии дигари гурӯҳи “С” 15-уми ноябр тими Ҷопон дар меҳмонӣ бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.