Қиссаҳои ишқи духтарони рус бо мардони тоҷик дар филми мустанади “Занҳои шарқӣ”, ки дар телевизионҳои Русия маъруф аст, миёни корбарони интернет низ мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Дар ин филм, ки чанд бор тариқи шабакаҳои телевизионии Русия намоиш дода шуд, нахуст аз хонадоршавии Анна Кублитская, як духтари рус бо Темур Тиллабов, муҳоҷири тоҷик қисса мешавад. Кублитская мегӯяд, пайваста барои худаш мегуфт, ки набояд ба тоҷик ошиқ шуд, аммо тақдир ӯро дар ниҳоят ҳамсари Темур, як муҳоҷири тоҷик гардондааст. Темур ба ҳайси пешхизмат ба ӯ дар яке аз тарабхонаҳои Маскав хидмат кардаасту он ҷо шинос шудаанд.
Баъди огоҳӣ аз ишқи Темур ва Анна дугонаҳои арӯс бо масхара аз ӯ мепурсидаанд, ки Равшан аст ё Ҷамшуд ва талош менамудаанд, ки аз хонадоршавияш бо тоҷик ҷилавгирӣ кунанд. Аммо Анна посух медодааст, ки номаш Темур ва соҳиби маълумоти олии журналистӣ ҳам ҳаст: “Аммо чӣ кор бояд кард, ки дар Ватан кор несту барои табобати модараш маблағ лозим?”
Анна дар посух ба эродҳои дугонаҳояш гуфтааст, баръакс бояд ба тоҷикҳо миннатдор бошем, ки Русияро аз ифлосиҳо тоза мекунанд: “Коре мекунанд, ки бисёриҳо дар Русия барои худ иҷоза намедиҳанд”. Сарфи назар аз мухолифати аҳли оила ва наздикон Анна ва Темур хонадор шудаанд.
Муаллифи филм мегӯяд, бо нақшаҳоятон Худоро нахандонед. Ровӣ изҳор медорад, дар Русия бисёриҳо Тоҷикистонро “кишвари гастербайтерҳо” мепиндоранд ва Душанберо шаҳри ишқ тасаввур кардан мушкил аст: “Аммо шоҳзодаи шарқ метавонад, муҳоҷири беқайд бошад ва биҳишт дар деҳа ҳам имконпазир аст. Он ҷо бачаҳои меҳнаткаш, ба ҷои танбаи мошинҳо, манзараҳои кушоди дилрабо, бӯи палав мевваҳои тару тоза муҳайё мебошад”.
Ҷузъиёти боздошти Темур, туҳмати пулиси Русия, забономӯзии Анна ва тиҷорати муштараки онҳо дар Душанбе инчунин қиссаи ишқи Татяна Розиқова ва Татяна Каримоваро дар навори зерин тамошо кунед: