баргард чоп кардан

Райиси ҲНИТ аз печидагии қазияи халабонҳо ва муҳоҷирони корӣ дар ташвиш аст

Ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ба сар мебаранд, рабт додани қазияи ду халабони рус  моро нигарон кардааст, мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикистон.


Номбурда дар нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 14-уми ноябр дар қароргоҳи ҲНИТ сурат гирифт, иброз дошт, ки амали ҷавобии ҷониби Русия болотар аз интизориҳои коршиносон сурат гирифт. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин масъала мебояд дар чорчӯби равобити дипломатӣ баррасӣ мегардид. Раиси ҲНИТ гуфт, ҳукуматҳои ду кишварро зарур аст дар навбати аввал барои аз ҳам ҷудо намудани баҳси халабонҳо ва муҳоҷирон талош варзанд.

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл ҲНИТ бо пахши изҳороте нигаронии худро аз мушкили ба сари муҳоҷирон омада, дар пайи ҳукми ду халабон изҳор намуда буд. Зимнан, қарор аст, рӯзи чоршанбе МН МО ин масъаларо ба баррасӣ бигирад. Ҳамчунин, ба гуфтаи Кабирӣ эҳтимол як ҳайати мураккаб аз шумули вакилони тоҷик рӯзи чоршанбе ҷиҳати ширкат дар Шӯрои ҷамиятии Думаи давлатии Русия ба он кишвар сафар кунанд. Гуфтанист, баъди эълони ҳукми суди Қӯрғонтеппа, ки ду халабони Русияро бо иттиҳоми убури марз ва қочок ба 8,5 сол равонаи зиндон кард, расонаҳо аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия иттилоъ доданд.