баргард чоп кардан

Ҳалокати як ноболиғ бар асари садамаи нақлиётӣ дар пойтахт

Сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе мунҷар ба марги ноболиғи 4 сола гардид.


Тавре аз маркази матбуоти ВКД иттилоъ доданд, рӯзи гузашта тахминан соати 16.00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» рақами давлатиаш 4038 01 РТ, Тошев Геннадий Станиславович соли таваллудаш 1967,  истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбутта, аснои ҳаракат ба кӯчаи Н.Махсум, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ноболиғ Алиҷон Ҷумаеви 4 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ба ҳалокат расидааст.