Зери чархи “Мерседес-Бенс” мондани марди 34-солаи афғон дар Душанбе
Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бо сабукрави “Мерседес-Бенс”-и худ як пиёдагардро зер кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса вақте рух додааст, ки ронандаи 30-сола аз кӯчаи Неъмат Қарабоев ба ҷониби маҳалаи Гулбутта ҳаракат мекардааст. Манбаъ мегӯяд, пиёдагард марди 34-солаи афғон будааст, ки дар шаҳри Душанбе муваққатан зиндагӣ мекардааст: “Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.