баргард чоп кардан

Пурсиш: Аз будану набудани “Занги камолот” чӣ суд?

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор таҷлили “Занги камолот” барои хатмкунандаҳои синфҳои 9 ва 11-ро дар тамоми макотиби миёнаи кишвар манъ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин тасмим, “Озодагон” ин навбат аз соҳибназарони тоҷик пурсид: АЗ БУДАНУ НАБУДАНИ “ЗАНГИ КАМОЛОТ” ЧӢ СУД?


Толиб САНГИН, сокини шаҳри Душанбе
Номи ин маросим нодуруст буд, яъне бо зангӯла ба камол намерасанд. Аз ин маросим ҳеч суде ҳам нест, гуруҳ-гуруҳ бетартибона, бо дашному таҳқир (ки чунин дашному таҳқирро шӯхӣ мегуфтанд) дар кӯчаҳои марказиву хиёбонҳо ва гулгашту боғҳо мегаштанд. Аз набуданаш суд ҳаст, яъне мардуми шаҳр аз чунин “шӯхӣ”-ҳои “бакамолрасидагон” осуда мемонад.

Маҳди СОБИР, таҳлилгар
Бояд шаҳрвандон аз ин тасмими вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намоянд. Воқеан манъи таҷлили "Занги камолот" як пешниҳоди саривақтист, зеро он ягон хусусияти мусбати тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ надорад. Баръакс чанд ҷанбаи манфӣ дорад. Аввалан ба буҷаи оилаҳо хисорот ворид мекард. Дуввум ҷавонон дар рӯзи ҷашн худро озод ҳис карда, ба беодобиҳо даст мезаданд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то дергоҳ доду вой ва хақорат карда мегаштанд. Дар баъзе маҳалҳо шабнишинӣ карда, май нушида, ба ҷангу ҷанчол ва таҷовуз даст мезаданд. Ҳатто солҳои пешин онҳо мастона ба мошин нишаста, ба садама ҳам дучор шуда буданд. Бояд ҳамаи волидон аз вазири маориф ва илм миннатдор бошем ва минбаъд ҳеч гоҳ дар мактабҳо ба чунин чорабинии ғайрифарҳангӣ иҷозат дода нашавад.

Шоистаи РАВШАН, адиби тоҷик
Мактаб макони муқаддас аст ва аз он ҷо дарахтони навниҳоли маърифат парвариш ёфта, дар ҷомеа меваҳои ширини маънӣ медиҳанд. Барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти ҳар як шогирд тарбияи ахлоқӣ хеле муҳим аст. Ҳамеша аз рӯзи нахустини ба мактаб қадам ранҷа намудани шогирдон мактаб онҳоро бо ҷашни “Занги аввал” пешвоз мегирад. Дар хотираи ҳар як шогирди мактаб ин рӯз оғози таҳсил, илм ва маърифат нақш мебандад. Ҳар падидае, ки оғоз дорад, бо анҷоми зебо хотирнишин асту ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Мо хабар дорем, ки дар мактабҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Занги охирин ва ҷашни хотимавии мактаб аз ҷониби вазорати маориф манъ карда шудааст. Агар ба ин қазия аз ҷониби мантиқӣ бингарем, чаро шогирдон дар соли охир, дар рӯзи ҷамъбастии таҳсилот хилофкорӣ мекунанд. Ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки дар ин рӯзҳо шогирдон гирифтори эҳсос, ҳаяҷон мегарданд, яъне замони шодиву сурури онҳо мисле, ки ба охир расидааст. Табиист, ки натиҷаи чунин бардошти иштибоҳангез дар ниҳон, дар рафтори ин гуна шогирдон хатаре эҷод мекунад. Мо фикр мекунем, ки ҳар чизе, ки манъ карда мешавад, пас аз он мафҳуми пинҳонкорӣ пайдо мекунад. Бо манъ кардан, рафтори онҳоро наметавонем иваз бикунем. Аз оғоз дар мактабҳо ба ҷанбаи рафтори ахлоқӣ, дарсҳои адаб, кори илмии равоншиносӣ, муносибатҳои инсонӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. Ҳар як шогирд бидонад, ки нисбати мактаби худ, номи мактаб, эҳтиром ба хидмату заҳмати омўзгорон бигузоранд. Яъне дар ин рузҳои анҷомгирии таҳсил, дар Занги охирин шогирдон паҳлуи омузгорони азизи худ ҷамъ биёянд ва беҳтарин ва самимитарин каломи ширину эҳсоси сипосгузории худро баён намоянд. Бигзор аз шиддати ҳаяҷону сипос, эҳтиром ва дӯстдори нисбати муаллимон ашки ҷудоӣ бирезанд.

Муҳаббат ҶӮРАЕВА, омӯзгори мактаби №1- шаҳри Ваҳдат
Ман ҷонибдори тасмими манъи “Занги камолот” дар макотиби миёнаи кишвар мебошам. Ин як ташвиш ва хароҷоти зиёдатӣ буда, фикр мекунам лозим нест. Вақти таҷлил аз “Занги камолот” бисёр нохушиҳо ва рафторҳои бемаъние миёни хонандагон сар мезанад, ки нороҳаткунанда ҳастанд. Барои ҳамин беҳтар аст, ки гузаронида нашвад.

Фирӯза ЭМОМОВА, модари се хонандаи мактаби миёна
Ба назари ман гузаронидани чорабинии “Занги камолот” дар мактабҳо бо он сабаб манъ шуд, ки пеши роҳи хароҷоти зиёд шавад. На ҳар волидайн имкони чунин харҷҳоро дорад. Аз дигар тараф, агар ин маросимро дар доираи мактаб хамчун хайрухуш давоми 2 ё 3 соат бе сарфакорӣ мегузаронданд, ин қобили қабул ва ҳамчун як хотира барои мактаббачагони хатмкунанда мемонд. Беҳтар мебуд, агар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба дарсгузаронии устодони макотиби миёна, оид ба таъмири синфхонаҳои мактаб низ фаъолона кор мебурд. То кай волидайн пули таъмири мактаб медиҳанд?

Асомиддин РАМАЗОНӢ, муаллими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз будану набудани ин маросими бо ном “Занги камолот” ҳеч дигаргуние дар соҳаи маориф нахоҳад шуд. Аз чанд ҷиҳат набуданаш беҳтар аст. 1. Аз сарфи зиёдатии маблағ, ки падарону модарон ба фарзандонашон медиҳанд, ҷилавгирӣ мешавад;
2. Аз ҳар гуна амалу ҳодисаҳои тасодуфию ғайриахлоқӣ, ки дар ин рӯз баъзе хонандагони макотиби миёна анҷом медиҳанд, пешгирӣ мешавад.

Шукрона ҲАЛИМОВА, хонандаи мактаби миёна
Ман ҷонибдори ҷашни “Занги камолот” ҳастам ва ин рӯзро чанд соли охир мунтазирам. Дар синфи 10 мехонам ва мехоҳам мисли солҳои тпеш мо ҳам онро ҷашн гирем. Дар мавриди бетартибиҳо бошад, гуфтаниям, ки боре дар мактаби мо ин гуна ҳодисаҳо рӯх надодааст.