Ҳалокати пиразани 77-сола зери чархи “ДЭУ Нексия”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як ронандаи ҷавон бо мошини сабукрав зани 77-cолаи Шаҳринавро пахш кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин ҳодиса 6 июн рух додааст. Сокини 23-cолаи ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби шаҳри Турсунзода, дар деҳаи Қади Ҷуйбори ноҳияи Шаҳринав идораи “ДЭУ Нексия”-ашро аз даст дода, зани 77-соларо зер мекунад: “Дар натиҷа пиразан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.