баргард чоп кардан

Даъвои мақомот ва сарвари ширкати «Rolkan Investmens Ltd»

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи раҳбари ширкати ҳавонавардии «Rolkan Investmens Ltd» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.


Дар ин бора шабакаи телевизионии «НТВ»-и Русия иттилоъ медиҳад. Ёдовар мешавем, 7-уми ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ин ширкатро 8,5 солӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Баъди эълони ин ҳукм якбора мавҷи эътирозҳо аз сӯи мақомот, мансабдорон, сиёсатмадорон ва ВАО-и Русия баланд шуд. Зимнан, хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба боздошт ва депорти муҳоҷирони тоҷик оғоз намуд, ки ин иқдом нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба миён овард.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон акнун алайҳи Сергей Полуянов, сарвари ин ширкати ҳавонавардӣ бо иттиҳоми қочоқ ва нақзи қавоиди ҳамлу нақли байналмилалии парвоз парванда боз кардааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҷаноби Полуянов мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст. Қаблан, Сергей Полуянов гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон бар ивази раҳоии ҳалабонҳо тайёраҳои онҳоро, ки дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишаста буданд, талаб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Полуянов иддао дорад, ки ширкати «Rolkan Investmens Ltd» аз Тоҷикистон на танҳо раҳоии халабонон ва ба онҳо супоридани тайёраҳо, балки ҷуброни хисороти расонидаашонро низ талаб мекунад.