Мураббии калони мунтахаби Тоҷикистон ба “Спартак” меравад
Роман Пилипчук, мураббии калони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба ҳайати мураббиёни дастаи “Спартак”-и Маскав мепайвандад.
Тибқи иттилои бошгоҳи “Спартак” Полипчуки 49-сола, ки зодаи вилояти Донетски Украина мебошад, дар назар аст, ки Дмитрий Ананкоро иваз намояд. Аненко ҳафтаи гузашта тибқи розигии тарафайн “Спартак”-ро тарк кард.
Полипчук аз соли 2015 ба ҳайси мураббии калони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон кор карда, дар гузашта дар ҳайати мураббиёни “Текстилшик”-и Иванов, “Динамо”-и Маскав, “Металлург”-и Донетск, “Олимпик” ва “Балтика” фаъолият доштааст.