баргард чоп кардан

Садама дар ҷануби Тоҷикистон бойиси марги як нафар гардид

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Румии вилояти Хатлон  пиёдагарди 34- сола ҷони худро аз даст дод.

 

Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, шоми дирӯз, ронандаи автомобили тамғаи «Опел-Вектра» Искандарбек Ғозибеков 25-сола, сокини ҷамоати Тугаланг, деҳаи  Ленин, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷалолиддинӣ Румӣ, дар ҳудуди ҷамоати Узун бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Абдулло Абдуқаҳҳорови 34- соларо пахш намудааст.
Ба гуфти манбаъ, Абдулло Абдуқаҳҳоров сокини ҷамоати Тугаланг, деҳаи  Ленин, дар ягон ҷой кор намекунад, дар  натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.