баргард чоп кардан

SoS: Барқ дар шаҳри Кӯлоб бо маҳдудият интиқол меёбад

Мутобиқи лимити тақсимоти неруи барқ барои 8-навоҳии минтақаи Кӯлоб дар моҳи ноябри имсол ҳамагӣ 1-миллиону 110-ҳазор кВт/с нақшабандӣ шудааст.


Шабакаҳои барқи навоҳӣ низ тибқи ҳамин лимити ҷудошуда барои истифодабарандагон саҳар ба муддати 2,5-соат ва бегоҳӣ ба мӯҳлати 3,5-соат барқ медиҳанд. Бино ба иттилои Мирзо Исмоилов, сардори идораи минтақавии «Шабакаҳои барқи Кӯлоб», соле пештар дар ҳамин давра интиқоли неруи барқ барои навоҳии минтақа беш аз 1-миллиону 200-ҳазор кВт/соатро дар 1-шабонарӯз ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, истифодабарандагони қувваи барқ то ҳанӯз аз шабакаҳои барқӣ қарздор будаанд. Бино ба иттилои манбаъ, қарздори калон аз ҳақи барқ идораи хоҷагии об дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ мебошанд. Тайи 10-моҳи имсол ҳамин корхона ба миқдори 2-миллиону 276-ҳазор сомонӣ барқ гирифтаву ҳамагӣ каме бештар аз 200-ҳазор сомонӣ, ё худ 10-фисади барқи истеъмолгаштаро пардохт кардаасту бас. Қарзи умумии корхона бошад, зиёда аз 12-милён сомониро ташкил медиҳад.