баргард чоп кардан

Агентӣ: Дар Тоҷикистон барои «депортшудагон» кор ёфт мешавад

Агентии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ эълом дошт, ки муҳоҷироне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд, бекор нахоҳанд монд.


Масъулони ин ниҳод мегӯянд, барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони кории тоҷики ба ватан баргашта, барномаи вижаро рӯи даст гирифтаанд. Ба қавли онҳо дар шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони корӣ таъсис ёфтааст, ки ба муҳоҷирон дар заминаи омӯзиши касб ва ё дарёфти ҷои кор кӯмак хоҳад кард. Дар изҳороте, ки агентии мазкур пахш кардааст, аз ҷумла омадааст: “Ин марказҳо ба тариқи фаврӣ ба муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта барои дарёфти ҷои кор ва касбомӯзӣ хизматҳои равонию касбӣ ва машваратию ҳуқуқӣ мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия бо такя ба арқоми расмӣ навишт, ки та йи ду ҳафтаи ахир 61 нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик бо далоили марбут ба нақзи қавонини буду бош ва кор дар ин кишвар ба Тоҷикистон «депорт» шудаанду бас. Ин ниҳод мегӯяд, феълан дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия 200 тан аз атбои ҶТ ба сар мебаранд, аммо хабарнигори «Озодӣ» шоми дирӯз фақат дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Маскав шумори тоҷикони боздоштшударо ба 450 нафар тахмин мезанад.