Таркишҳо дар наздикии Ҳарами Набавӣ дар арафи Иди Фитр (АКС)
Дар наздикии Ҳарами Набавии Мадинаи Мунаввара ва Масҷиду-ун-Набӣ, яке аз муқаддастарин марказҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ як бомбгузори интиҳорӣ 4 маъмури амниятӣ ва 2 зойирро куштаву чанд нафари дигарро захмӣ кардааст.
Тибқи гузориши Ройтерз, манобеи амниятии саудӣ аз 6 кушта дар ҳамлаи интиҳории ахир дар наздики Ҳарами Набавӣ хабар додаанд. Ба иттилои телевизиони “Ал-арабия” инфиҷори Мадина асри душанбе баробар бо ду инфиҷори дигар дар Қатиф, шаҳри дигаре дар шарқи Арабистони Саудӣ иттифоқ уфтодааст.
То кунун касе ва гуруҳе масъулияти ин ҳамалотро ба гардан нагирифтааст.