баргард чоп кардан

Як сокини ҷамоати «Русия» 10.000 долларашро аз даст дод

10.000 доллари  як сокини ноҳияи Рӯдакиро ба яғмо бурданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора ба мақомоти марбута аризаи  шаҳрванд, Абдулҳайроваи 61- сола, сокини ҷамоати «Русия» ворид гардидаст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи сентябри соли равон, шаҳрванд Рустамҷон Раҳматуллоев      истиқоматкунандаи ҷамоати «М.Турсунзода», деҳаи Ҳоҷиён, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст ва аз ӯ  10.000 доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Манбаъ афзуд, алъон Рустамҷон Раҳматуллоев аз ҷониби кормандони милиса дастгир карда шуда, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафишот идома дорад.