баргард чоп кардан

Бинокорони НБО-и «Роғун» бо маҳсулоти арзони хӯрокворӣ таъмин гардиданд

Вазорати кишоварзӣ барои таъмини сохтмончиёни «НБО»-и «Роғун» ва сокинони ин минтақа бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзиро ташкил кард.


Тавре аз маркази матбуотии ин вазоратхона ба  ва иттилооти вазоратхонаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ярмарка 63,3 тонна маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ аз ҷумла, пиёз, картошка, гӯшт, равған, маҳсулотҳои полезӣ ва 28.000 дона тухм бо нархи нисбати бозор 40–50% арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва корхонаҳои зертобеи вазорат аз қабили: КВД  «Саноати паррандапаварӣ», КВД «Моҳии Тоҷикистон», КВДЗ «Асали Тоҷикистон» пешкаши харидорон гардонида шудааст. Гуфта мешавад, ки сохтмончиёни НБО-и «Роғун» ва сокинони шаҳри Роғун барои таъсиси чунин ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ба  вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он изҳори миннатдорӣ намудаанд.