Нигаронии вазири тоҷик аз табибони чинӣ
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон аз ҷалби худсаронаи табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Салимзода, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар мавриди теъдоди рӯзафзуни табибони чинӣ дар кишвар гуфт, “мо ҳамагӣ ба ду муассиса иҷозати истифода аз хидмати табибони чиниро додаем ва ман аз он, ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам”.
Ба иттилои манбаъ раванди ҷалби табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандон, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ амалӣ мешавад, зери назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд.
Дар баробари ин вазири тандурустӣ аз иштибоҳ ва фасодкории табибони тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Салимзода изҳороти Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғдро дар бораи фасодкории табибон тасдиқ карда, афзуд, ки ин зуҳурот дар ҳамаи минтақаҳо ҳаст. Ӯ гуфт иддаои маоши паст набояд баҳона барои фасодкории табибон бошад.
Вазири тандурустӣ иттилоъ дод, ки тайи 6 моҳи гузашта, 40 ҳолати фасодкории табибон ошкор гардид, алайҳи 35 нафар парванда боз шудааст. Ӯ гуфт, номи табибони фасодкорро медонад, аммо аз ироаи он ба рӯзноманигорон худдорӣ кард: “Агар зарур бошад, равед аз Оҷонсии зидди фасод гиред”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд.