Шарҳи Раҳимӣ дар бораи эҳтимоли заминҷунбиҳои шадид дар 2 соли оянда
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон пешгӯии зилзилашиносҳои қирғизро дар бораи авҷи заминҷунбиҳо тайи солҳои 2017-2018 дар минтақа шарҳ дод.
Раҳимӣ имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, даври заминларзаҳо 120-130 солро ташкил медиҳад ва дар ин миён такрори заминҷунбиҳои нисбатан шадид вуҷуд дорад. Ӯ бо ишора ба заминҷунбиҳои шадиди аввали асри 20, ки Тошканду Ашқободро хароб карда буданд, зикр намуд, ки агар даври заминҷунбиро 120-130 сол ҳисоб кунем, эҳтимоли такрори заминҷунбиҳо вуҷуд дорад.
Раҳимӣ таъкид кард, ки пешгӯии заминҷунбиҳо барои як ё ду сол имкон надорад ва ҳамаи изҳоротҳо дар ин бора афсонае беш нестанд: “Агар чунин имкон мебуд, хисороти моддию талафоти ҷонии зиёд ҷилавгирӣ мешуд”.
Дар маҷмуъ президенти Академияи улум хотиррасон кард, ки замин ҳамеша дар ҷунбиш аст ва тайи 5 моҳи соли равон дар кишвар 11 ҳазору 450 заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудаанд.