баргард чоп кардан

Тими «Равшан» дар садри ҷадвали мусобиқоти футбол

Ду бозии даври 41-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ  ба анҷом расид.


Тибқи иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар  ин сабқат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо ССКА «Помир»-и Душанбе ба майдон баромада, ба ҳисоби 2 бар 0 ғалаба ба даст овард. Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба иллати аз мусобиқа даст кашидани рақибаш - “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Айни ҳол, дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 83 имтиёз аз 36 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 25 бозӣ кардааст, бо 67 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа  Фозил Сатторов аз дастаи “Равшан” бо 20 гол дар ҷои аввал аст, Комил Саидов аз дастаи ССКА “Помир” ва Габриэл Донто аз    “Энергетик” 19-голӣ, Юсуф Рабиев аз тими “Истиқлол” 17 гол, Пирмурод Бурҳонов аз дастаи “Хайр” ва Мансур Ҳакимов  бозингари дастаи “Парвоз” 16-тӯбӣ задаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе бозии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе- “Хуҷанд”-и  Хуҷанд доир мегардад. Ҳамчунин, ду бозии охирини даври 41-уми мусобиқот рӯзи 19-уми ноябр миёни дастаҳои “Шодмон”-и Ҳисор - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Энергетик”-и Душанбе - “Гвардия” Душанбе доир хоҳад шуд.