Сокини 71-cолаи Конибодом дар куштори ҳамсояаш гумонбар мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як бознишастаи 71-сола, сокини шаҳри Конибодом хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мард бо ҳамсояи 65-солааш, ки маъюби гуруҳи 2-юм будааст, муноқиша намуда, ӯро бо яроқи шикории тамғаи “ИЖ-16” захмӣ кардааст: “Сипас, корд гирифта, се маротиба ба қисмати шикам ва қафаси синаи ҷабрдида задааст”.
Ба иттилои ВКД, ҷабридда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".