баргард чоп кардан

Кишти тирамоҳии ғалла дар Олимтой идома дорад

Кишоварзони Кӯлоб баъди боришот ва барфи моҳи ноябр ба шудгори заминҳои лалмӣ шуруъ намуданд.


Бино ба гуфти коршиносон, баъди боришот заминҳои лалмӣ мулоим гаштаву дар баъзе ҳолат, намнокии замин то ба 15-20-сантиметр расида буд. Ба хусус, дар мавзеи Олимтой, ки воқеан ноҳияҳои минтақа дар ин ҷо заминҳои кишти ғалладона доранд, шудгори замин ва кишти ғалладона дастаҷамъона ва бомуваффақият амалӣ мегардад.

Деҳқонони ноҳияи Фархор, ки дар ҳамин мавзеъ 3-ҳазору 989-гектар замини лалмӣ доранд, тақрибан корҳои шудгорро ба анҷом расондаанд. Дар ҳамаи ноҳия 8-ҳазору 50 гектар заминҳои кишти тирамоҳӣ мавҷуд буда, дар қисмати зиёди он шудгор бомуваффақият рафта истодааст. Гузашта аз ин, дар мавзеи Сайёди ҷамоати Дарқади ноҳия, барои нахустин маротиба, баъди 15-соли бекор мондани беш аз 550-гектар замини лалмии кишоварзӣ, он ба гардиш ворид гашта, шудгор   мешавад. Кишоварзони ноҳия ӯҳдадор шудаанд то 1-уми декабр кишти тирамоҳиро ба анҷом мерасонанд.