баргард чоп кардан

Покистон будубоши шаҳрвандони Афғонистонро бознигарӣ мекунад

Коммисариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълон кардааст, ки муҳоҷирини афғон танҳо то соли 2012 метавонанд, аз қавонини паноҳандагӣ барои ҳузур дар Покистон истифода кунанд.


Бо тамом шудани ин муддат афғонҳои муҳоҷир бояд тибқи қавонини ҷадиди Покистон дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд. Тибқи тасмими кобинаи Покистон муҳоҷирини афғон пас аз соли 2012 танҳо бо доштани виза ба унвони як хориҷӣ дар Покистон ҳузур хоҳанд дошт.

Зикр мегардад, Покистон дар баробари Эрон кишварест, ки аз ҳама бештар муҳоҷирони афғонро аз аввоили солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф пазируфтааст.