Баъди Ҳоҷӣ Мирзо ва сафири Олмон: Нигаронии раиси Суди Олӣ аз парвандаҳои зиёди ҷиноӣ
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши босуръати парвандаҳои ҷиноятӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки мақомот бояд бештар дар самти пешгирии ҷинояткориҳо кор кунанд.
Шоҳиён, зимни ҷамъбасти фаъолияти 6-моҳаи ниҳоди тобеяш гуфт, тайи нимсолаи гузашта ба судҳои ҷумҳурӣ 6 ҳазору 406 парвандаи ҷиноятӣ ворид шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 450 адад зиёд мебошад. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, ки дар маҷмуъ давоми нимсолаи гузашта судҳои кишвар 74 ҳазору 270 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмуриро дар марҳилаҳои гуногун баррасӣ намудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 ҳазору 729 адад афзоиш ёфтааст: “Вақте дидам афзоиши парвандаҳо зиёда аз 7 ҳазор шудааст, супориш додам, ки таҳлил карда, маълум намоянд, ки сабаб дар чист. Аз як ҷониб дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ ҳар сол қариб 180 ҳазор нафар зиёд мешавад. Аҳолӣ, ки зиёд шуд, баҳсҳо ва содиршавии ҷиноятҳо низ афзоиш меёбад”.
Бо вуҷуди ин омил Шоҳиён таъкид намуд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд бештар ба ҷилавгирии ҷинояткориҳо диққат диҳанд. Ӯ яке аз роҳҳои ҷилавгирии сар задани ҷиноятҳоро, бештар намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни мардум, арзёбӣ намуд.
Нигаронии Шоҳиён дар ҳолест, ки ахиран Ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Душанбе низ аз афзоиши ҳабси шаҳрвандони кишвар нигаронӣ карда, зарур хонданд, ки роҳҳои дигари ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо кор бурда шаванд.